Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Брюссел мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Рустамҷон Солиев бо Комиссари Аврупо оид ба энергетика Гюнтер Оттингер баргузор гардид.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ намуданд. Гюнтер Оттингер таъкид сохт, ки Тоҷикистон дар минтақа нақши муҳим мебозад ва ба муносибатҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баҳои мусбат дод. Ӯ қайд кард, ки ҳамкориҳои тарафайн рӯ ба тавсеа ниҳодаанд.
Дар навбати худ, Р. Солиев оид ба иқтидори гидроэнергетикии ҷумҳурӣ, татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва аҳамияти миллӣ ва минтақавии онҳо ахбороти муфассал пешкаш намуд. Дар ин робита ҷонибҳо имконоти ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи гидроэнергетикӣ матраҳ карданд.
Сипас Сафири Тоҷикистон оид ба омодагӣ ба гузаронидани Панҷумин конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки 26-27 марти соли 2012 дар ш.Душанбе баргузор мегардад, муфассал иттилоъ дода, ба Комиссари Аврупо муроҷиат намуд, то ӯ барои таъмини иштироки сатҳи баланди намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар кори форуми байналмилалии мазкур мусоидат кунад, ки ин дар навбати худ мусбат пазируфта шуд.



