Ҳудуди 50%-и буҷети Кӯлоб ба соҳаи маориф равона мегардад

Соли равон ба соҳаи маорифи шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб дар маҷмӯъ 21 млн. 393 ҳазору 170 сомонӣ маблағ равона мегардад, ки он қариб 50% аз ҳаҷми умумии буҷети имсоларо ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 2 млн. 554 ҳазору 487 сомонӣ зиёдтар аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати молияи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри […]

Турко Дикаев


Соли равон ба соҳаи маорифи шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб дар маҷмӯъ 21 млн. 393 ҳазору 170 сомонӣ маблағ равона мегардад, ки он қариб 50% аз ҳаҷми умумии буҷети имсоларо ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 2 млн. 554 ҳазору 487 сомонӣ зиёдтар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати молияи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назаров хабар дод, ба соҳаи тандурустӣ ҳудуди 14 млн. сомонӣ (соли 2011 – 10,2 млн. сомонӣ) маблағ ҷудо гардида, ба ҷуз бахши кишоварзӣ ва хадамоти коммуналӣ, ҳаҷми маблағҳои пешбинишуда ба тамоми соҳаҳои хоҷагидории шаҳру ноҳияи Кӯлоб дар муқоиса бо соли гузашта аз 11 то 37% афзудаанд.

«Соли равон аз буҷет ба хадамоти коммуналӣ 1 млн. 935 ҳазору 840 сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 1 млн. 276 ҳазор сомонӣ камтар аст. Ба таъмини фаъолияти муассисаҳои бахши кишоварзӣ низ ҳамагӣ 59% аз ҳаҷми умумии маблағи соли гузашта ҷудогардида пешбинӣ шудааст», – гуфт Назаров.

Ба қавли номбурда, соли равон ба шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб 43 млн. 166 ҳазору 717 сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ҷудо гардида, 27 млн. 639 ҳазор сомонии қисми хароҷоти буҷети соли равонро мебояд мустақилона дарёфт кард. «Воситаҳои боқимонда аз сарчашмаҳои дигар, аз ҷумла аз буҷети ҷумҳуриявӣ низ дастрас хоҳанд шуд», – афзуд ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.