Вохӯрии дипломати тоҷик бо Комиссари Аврупо оид ба энергетика

Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Брюссел мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Рустамҷон Солиев бо Комиссари Аврупо оид ба энергетика Гюнтер Оттингер баргузор гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ намуданд. Гюнтер Оттингер таъкид сохт, […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Брюссел мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Рустамҷон Солиев бо Комиссари Аврупо оид ба энергетика Гюнтер Оттингер баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ намуданд. Гюнтер Оттингер таъкид сохт, ки Тоҷикистон дар минтақа нақши муҳим мебозад ва ба муносибатҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баҳои мусбат дод. Ӯ қайд кард, ки ҳамкориҳои тарафайн рӯ ба тавсеа ниҳодаанд.

Дар навбати худ, Р. Солиев оид ба иқтидори гидроэнергетикии ҷумҳурӣ, татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва аҳамияти миллӣ ва минтақавии онҳо ахбороти муфассал пешкаш намуд. Дар ин робита ҷонибҳо имконоти ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи гидроэнергетикӣ матраҳ карданд.

Сипас Сафири Тоҷикистон оид ба омодагӣ ба гузаронидани Панҷумин конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки 26-27 марти соли 2012 дар ш.Душанбе баргузор мегардад, муфассал иттилоъ дода, ба Комиссари Аврупо муроҷиат намуд, то ӯ барои таъмини иштироки сатҳи баланди намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар кори форуми байналмилалии мазкур мусоидат кунад, ки ин дар навбати худ мусбат пазируфта шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.