Соли 2011 парлумон беш аз 2 ҳазор муроҷиати шаҳрвандонро баррасӣ кард

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров масъалаи қабули дархосту муроҷиати шаҳрвандон дар соли 2011 аз ҷониби мақомоти раҳбарии парлумон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, соли гузашта мақомоти раҳбарии МН МО […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров масъалаи қабули дархосту муроҷиати шаҳрвандон дар соли 2011 аз ҷониби мақомоти раҳбарии парлумон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, соли гузашта мақомоти раҳбарии МН МО ҶТ дархости беш аз 1 ҳазор шаҳрвандонро қабул карда, нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор содир намуд. Ғайр аз ин, боз ҳудуди 1,2 ҳазор арзу шикояти шаҳрвандон дар кумита ва комисияҳои палатаи поёнии парлумон баррасӣ шуданд.

«Раиси палата таъкид кард, ки ба баррасии муроҷиати шаҳрвандон дар ҷараёни вохӯриҳои вакилон бо интихобкунандагон дар манотиқи ҷумҳурӣ мебояд бештар таваҷҷуҳ зоҳир сохт», – изҳор кард Султонов.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаи қонуни ҶТ «Дар бораи сарфаи энергия ва самаранокии энергетикӣ», ворид сохтани тағйироту илова ба қонуни ҶТ «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ» ва шомил кардани вакили нав аз ҲХДТ Абдураҳмон Хонов ба ҳайати Кумитаи МН МО ҶТ оид ба масоили иҷтимоӣ, оила ва тандурустӣ низ баррасӣ шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.