Дар ҷануби Тоҷикистон куштори бераҳмонаи духтари 5-сола ошкор гардид

Date:


Кормандони Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон ҷинояти куштори духтари 5-соларо, ки дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рӯзи 8-уми январи ҳамин сол содир гардида буд, ошкор карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон Анвар Тағоймуродов хабар дод, рӯзи 25-уми январ дар ҷараёни амалиёти муштараки кормандони милисаи вилоят ва Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД Тоҷикистон шахси гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят боздошт шудааст.

«Боздоштшуда сокини ҳамин ноҳия, Фаррух Абдуллоеви 32-сола аст, ки қаблан барои таҷовуз ба номуси ноболиғ ба муҳлати 11 соли зиндон маҳкум гардида буд», – гуфт Тағоймуродов.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки зимни бозпурсии пешакӣ гумонбаршуда ба гуноҳи худ иқрор шудааст. Тафтишоти ҳодисаи мазкур идома дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...