Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо дипломати Муғулистон

Date:


Раиси Маҷлиси намоянлагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров сафири фавқулодда ва мухтори Муғулистон дар Тоҷикистон ҷаноби Аюрзан Хараавчро ба ҳузур пазируфт.

Тавре сухангӯйи палати поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Муғулистон дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла густариш ёфтани равобити байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози сӯҳбат изҳор дошт, ки соли ҷорӣ аз барқарории муносиботи дипломатӣ миёни ҷумҳуриҳои мо 20 сол сипарӣ мешавад ва мо бояд ин рӯйдоди таърихиро ба таври сазовор истиқбол намоем.

Ҳарду ҷониб бояд ба раванди равобити тарафайн такони тоза бахшида, барои тақвияти ин ҳамкориҳо талош намоянд.

Шукурҷон Зуҳуров дар бораи таърихи парламенти касбии мамлакат маълумот дода, таъкид кард, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои фаъолияти худ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун парлумони муваффақ ном баровардааст.

Силсилаи таҳия, қабул ва тасвиби қарору қонунҳо ва Созишномаву Конвенсияҳо, ки аз тарафи мақоми олии қонунбарори кишвари мо анҷом шудааст, дар сатҳи байналмилалӣ баҳои муносиб ва олиро касб кардааст.

«Бо гузашти солҳо таҷрибаи қонунофарии вакилони Маҷлиси намояндагон боз ҳам бойтар гардида, онҳо талош мекунанд, ки санадҳои ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳониро таҳия ва қабул кунанд», – гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон ва илова кард, ки омили асосии ҳамаи ин комёбӣ ва муваффақиятҳо барқарор ва таҳким бахшидани муносиботи миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парлумонҳои кишварҳои гуногуни олам мебошад. Аз ҷумла, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон омода аст, ки бо парлумони Ҷумҳурии Муғулистон муносиботи дӯстона барқарор намуда, дар ин замина ба таъсиси гурӯҳи дӯстӣ низ иқдом намояд.

Шукурҷон Зуҳуров дар ин росто таъкид кард, ки барои Тоҷикистон ва Муғулистон имконоти хеле зиёди ҳамкорӣ дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла равобити байнипарлумонӣ, иқтисоду тиҷорат, илму маориф, кишоварзӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, парлумонҳои ҳарду кишварро лозим аст, ки барои фароҳам овардани шароити мусоиди чунин ҳамкориҳо иқдом намоянд.

 Мавсуф иброз дошт, ки заминаи чунин равобит дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Муғулистон дар соли 2009, ки дар ҷараёни он чанд санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид, ба вуҷуд омадааст ва шароити истифода аз ин заминаҳо бояд тавассути парлумонҳои ҳарду кишвар фароҳам оварда шавад.

Бино бар гуфтаи Шукурҷон Зуҳуров, Тоҷикистон имконият дорад бо Ҷумҳурии Муғулистон дар соҳаҳои энергетика, фарҳанг, чорводорӣ, канданиҳои фоиданок, коркарди пашм, меваю сабзавоти тару тоза ва чармгарӣ ҳамкории зич дошта бошад.

Раиси Маҷлиси намояндагон бо ишора ба сатҳи начандон назарраси ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Тоҷикистону Муғулистон таъкид дошт, ки байни ҳарду кишвар чанд санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, вале, мутаассифона, ин қарордодҳои ҳамкорӣ то кунун мавриди иҷро қарор нагирифтаанд. Ҳамзамон изҳори назар карда шуд, ки Созишномаҳое, ки тавассути ҳукуматҳои ҳарду мамлакат ба имзо расидаанд, бояд ҳукми иҷроро ба худ касб кунанд.

Шукурҷон Зуҳуров дар поёни сӯҳбати худ изҳор дошт, ки кишвари Муғулистон дар истеҳсоли ангишт, гӯшт ва дигар маҳсулоти саноатӣ таҷрибаи ғанӣ дорад ва истифодаи чунин таҷрибаи пешқадам барои ҳарду кишвар аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Сафири фавқулодда ва мухтори Муғулистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сатҳи равобити ду кишварро дар ҳоли рӯ ба рушд арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки ба ҳайси сафир тамоми имконоти мавҷуди ҳамкорӣ миёни ду кишварро мавриди истифода қарор қарор хоҳад дод.

Ҷаноби Аюрзан Хараавч роҷеъ ба ҳамкориҳои байнипарлумонии миёни Тоҷикистону Муғулистон ибрози назар намуда, таъкид кард, ки дар парлумони кишвараш гурӯҳи дӯстӣ бо Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ташкил шудааст. Вай хостор шуд, ки парлумони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҳисоби вакилони худ гурӯҳи дӯстии байни Маҷлиси намояндагон ва парлумони Муғулистонро таъсис диҳад.

Мавсуф дар идомаи сӯҳбат гуфт, ки дар моҳи июни соли ҷорӣ дар Муғулистон интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад ва мо умедвор ҳастем, ки ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳои мо пас аз баргузориии интихоботи ҷадиди парлумонӣ ба марҳилаи нав ворид хоҳад шуд.

Ҳамчунин, дипломати хориҷӣ таъкид кард, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дар Муғулистон Форуми иқтисодӣ ва намоишгоҳи дастовардҳои муосири ин кишвар баргузор мегардад. Дар ин росто аз Раиси Маҷлиси намояндагон даъват шуд, ки дар рӯзҳои баргузории ин чорабиниҳо ширкат намояд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related