АНМН: Пешгирии муомилоти навбатии ғайриқонунии маводи мухаддир дар Суғд

Date:


Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолияти як гурӯҳеро, ки дар қаламрави вилоят ба қочоқи маводи мухаддири тавлиди Афғонистон машғул буданд, пешгирӣ намуданд.

Тавре аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи АНМН хабар доданд, 26 январи соли 2012 дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳангоми хариду фурӯши бештар аз ду кило каннабис, шаҳрвандони 43 ва 49 сола аз ҷумлаи сокинони ин шаҳр дастгир гардиданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми роҳандозии чорабиниҳои тафтишотӣ  маълум гардид, ки онҳо маводи мухаддирро аз сокини ноҳияи Ашт дарёфт кардаанд. Бо мақсади пайдо кардани маводи мухаддир кормандони Раёсат чораҳои иловагӣ андешида, дар вақти азназаргузаронии хонаи истиқоматиаш бештар аз як кило каннабисро ошкор ва мусодира карданд. Ин миқдор маводро вай барои  фурӯш омода карда буд.

Ҳаҷми умумии мухаддироти аз ин гурӯҳҳо мусодирашуда қариб 4 килоро ташкил дод.

Аз рӯи ин ҳодиса кормандони Шӯъбаи тафтишотии АНМН парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд.

Зимнан зикр гардид, ки се нафари дастгиршудагон дар айни замон дар тавқифгоҳи муваққатии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд нигоҳ дошта мешаванд. Тафтиши ҷинояти мазкур идома дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...