Мулоқоти сарвари давлат бо аъзои тозатаъини Шӯрои амният

Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон як гурўҳ кадрҳои ба вазифаҳои ҳайати роҳбарӣ дар Шўрои амният, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳо пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, баъди суҳбат бо Сарвари давлат чор нафар ба вазифаҳои машваратчии калон – сардорони шуъбаҳои дастгоҳи Шўрои амнияти кишвар доир ба амнияти […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон як гурўҳ кадрҳои ба вазифаҳои ҳайати роҳбарӣ дар Шўрои амният, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳо пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, баъди суҳбат бо Сарвари давлат чор нафар ба вазифаҳои машваратчии калон – сардорони шуъбаҳои дастгоҳи Шўрои амнияти кишвар доир ба амнияти ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, мудофиавӣ ва иттилоотӣ, пешгўӣ ва робитаҳои байналмилалӣ, се кас ба вазифаҳои сардорони раёсатҳои кофтукови ҷиноӣ, тафтишот ва муҳофизати тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ таъин гардиданд.

Ҳамчунин сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои Фархор, Қумсангир, Вахш, Балҷувон, Ҳисор ва Шаҳринав иваз карда шуданд.

 Муҳаббат Иброҳимов Сардори Маркази Тоҷикистон оид ба минаҳо таъин карда шуд.

Зимни суҳбат Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон аз ҳодисаҳои ногувори даст задании кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба амалҳои ҷиноию ѓайриқонунӣ бо таассуф ёдовар шуда, онҳоро ба иҷрои содиқонаю софдилонаи вазифаҳои пурмасъулияти дар наздашон гузошташуда, муборизаи беамон бо ҷинояткорӣ, таъмини амнияту субот дар ҷомеа ва тарбияи дурусти кадрҳои ҷавони соҳаҳои худ ҳидоят намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.