Мусодираи як миқдор героин дар ноҳияи Рӯдакӣ

Чанде қабл кормандони Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Вазорати умури дохилии ҶТ як миқдор маводи мухаддирро кашф ва мусодира намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни баргузор намудани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба гумони даст доштан дар мумилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди Тоҷикистон И.У. боздошт […]

Наргис Ҳамробоева


Чанде қабл кормандони Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Вазорати умури дохилии ҶТ як миқдор маводи мухаддирро кашф ва мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни баргузор намудани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба гумони даст доштан дар мумилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди Тоҷикистон И.У. боздошт шудааст. «Ҳангоми кофтукови шахсии ӯ 2 кило маводи мухадири сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира гардид», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, минбаъд зимни кофтукови манзили зисти боздоштшуда боз ҳудуди 2 килои дигар героин дарёфт ва мусодира шудааст. Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Соли равон кормандони тамоми воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 110 кило маводи мухаддир мусодира карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.