Машварати кории назди президент оид ба омодагӣ ба конфронси RECCA-V

Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон доир ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ бо Афғонистон (RECCA-V) ва Наврўзи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, машварати корӣ доир намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар машварат аъзои Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ба ин чорабиниҳо, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон доир ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ бо Афғонистон (RECCA-V) ва Наврўзи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, машварати корӣ доир намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар машварат аъзои Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ба ин чорабиниҳо, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои марбута, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони аҳли илму фарҳанг ва адаби кишвар иштирок намуданд.

Доир ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ бо Афғонистон ва Наврўзи байналмилалӣ, ки имсол дар даҳаи сеюми моҳи март дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд, Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва Муовини сарвазири кишвар Рўқия Қурбонова гузориш доданд.

Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки барои иштирок дар  Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ бо Афғонистон, ки дар сатҳи вазирон баргузор хоҳад шуд, намояндагони 40 давлат ва 35 созмони минтақавию ҷаҳонӣ изҳори омодагӣ кардаанд.

Дар ҷашни Наврўзи байналмилалӣ низ иштироки роҳбарони як қатор давлатҳои ҷашнгирандаи ин иди бостонӣ ва намояндагони воломақом ва аҳли илму фарҳанг аз кишварҳо ва созмонҳои сершумори ҷаҳон дар назар аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор доир ба омода кардани нақшаю барномаҳои ин чорабиниҳои байналмилалӣ ва дар тамоми қаламрави кишвар бо шукўҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифтани соли нави аҷдодӣ супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки корҳои ободонию кабудизоркунӣ, бунёди боғу гулгаштҳои зебо, тозаю озода кардани ҳар хона ва кўчаю хиёбонҳо, ба роҳ мондани чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, озмунҳои гуногуни ҳунармандони мардумӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва ҳар деҳаю ҷамоат вусъат дода шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.