Суд шикояти мудири кулли Rolkan Investments LTD-ро қабул накард

Суди вилояти Хатлон мактуби шикоятии мудири кули ширкати Rolkan Investments LTD Сергей Полуяновро барои баррасӣ қабул накарда, онро бозпас фиристод, зеро дар он иштибоҳот ҷой доштанд. Дар ин бора ба ОИ»Азия-Плюс» аз канселярияи суди вилоят хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, ширкати мазкур ба суди вилояти Хатлон аз болои ҳукми суди шаҳри Қӯрғонтеппа шикоят бурда, мусодираи […]

Сайраҳмон Назриев


Суди вилояти Хатлон мактуби шикоятии мудири кули ширкати Rolkan Investments LTD Сергей Полуяновро барои баррасӣ қабул накарда, онро бозпас фиристод, зеро дар он иштибоҳот ҷой доштанд. Дар ин бора ба ОИ»Азия-Плюс» аз канселярияи суди вилоят хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ширкати мазкур ба суди вилояти Хатлон аз болои ҳукми суди шаҳри Қӯрғонтеппа шикоят бурда, мусодираи ду ҳавопаймои ширкатро нодуруст мешуморад.

Ба гуфтаи адвокати ширкат Ғулом Бобоев, Полуянов ба ӯ нусхаи шикоятро фиристодааст ва мусодираи ду ҳавопаймои навъи Ан-72-ро ғайриқонунӣ медонад.

«Суд муқаррар кардааст, ки халабонони ҳавопаймоҳо, шаҳрвандони Русияву Эстония Владимир Садовничий ва Александр Руденко мувофиқи қарордод ба кор қабул шуда, дар Афғонистон фаъолият доштанд. Мувофиқи шартҳои қарордод, ҳавопаймоҳо аз ҷониби ширкати Aerospace Consortium ба иҷора гирифта шуда, халабонон ҷиҳати ихтиёрдорӣ ва истифодаи ҳавопаймоҳо мувофиқи салоҳдиди худ ҳуқуқ надоштанд», – зикр мегардад дар нусхаи шикоят.

Ҳамчунин дар мактуби шикоятӣ зикр гардидааст, ки ҳавопаймоҳо моликияти ширкат маҳсуб ёфта, мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ дар сурати хилофи қонун рафтор накардани молики он, ба мусодираи он ҳуқуқ дода намешавад. «Ширкати мо нисбат ба Тоҷикистон бо истифода аз ин ҳавопаймоҳо ҳеҷ қонуншикание содир накардааст», – омадааст дар шикоят.

Адвокати ширкат мегӯяд, мақомоти раҳбарии ширкат бар ин назар аст, ки мақомоти тафтишоти пешакии Тоҷикистон иштибоҳан ҳавопаймоҳоро далели шайъӣ шуморидаанд, зеро онҳо то ҳанӯз моликияти ширкат буда, халабонон дар ҳавопаймоҳо танҳо супориши ба онҳо вогузоршударо иҷро мекарданд.

«Аз ин рӯ, мақомоти раҳбарии ширкати ҳавопаймоӣ дар робита ба далелҳои зикршуда дархост менамояд, ки дар қисмати мусодираи ҳавопаймоҳо дар ҳукми суди шаҳри Қӯрғонтеппа аз 8-уми ноябри соли 2011 эътироз содир карда шавад», – афзуд адвокат.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.