Имзои ду созишномаи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистону Олмон

Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон оид ба ҳамкории техникӣ ва Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон оид ба ҳамкории молиявӣ баргузор шуд. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ба санадҳои мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии […]

ASIA-Plus


Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон оид ба ҳамкории техникӣ ва Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон оид ба ҳамкории молиявӣ баргузор шуд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ба санадҳои мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ ва аз ҷониби Ҷумҳурии Федеролии Олмон – Сафири Фавқулода ва Мухтори Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дорис Ҳертрампф имзо гузоштанд.

 Боиси зикр аст, ки созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории техникӣ маблағгузории лоиҳаҳо дар самти рушди устувори бахши хусусии иқтисод ва дастгирии раванди ислоҳоти соҳаи таҳсилоти касбиро дар назар дорад.

Дар навбати худ, тибқи созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории молиявӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон ба Ҳукумати Тоҷикистон имконияти аз ҷониби Институти қарздиҳӣ доир ба барқарорсозии иқтисодиёт (KfW) ба даст овардани саҳмҳои молиявии бебозгаштро пешниҳод менамояд. Дар чаҳорчӯби ҳуҷҷати мазкур лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ ва рушди устувори иқтисод маблағгузорӣ хоҳанд шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.