4,5 млн. Еврои Олмон ҷиҳати беҳбуди дастрасӣ ба захоири молиявӣ дар деҳот

Миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва ташкилотҳои хурди молиявии «Арванд», «Ҳумо ва шарикон», «Оксус» ва «Феникс+» оид ба пешниҳоди воситаҳои қарзӣ ҷиҳати ҷиҳати беҳбуди дастрасӣ ба захоири молиявӣ дар деҳоти Тоҷикистон созишнома ба имзо расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, қарзҳои пешниҳодшудаи ташкилотҳои мазкур дар […]

Пайрав Чоршанбиев


Миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва ташкилотҳои хурди молиявии «Арванд», «Ҳумо ва шарикон», «Оксус» ва «Феникс+» оид ба пешниҳоди воситаҳои қарзӣ ҷиҳати ҷиҳати беҳбуди дастрасӣ ба захоири молиявӣ дар деҳоти Тоҷикистон созишнома ба имзо расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, қарзҳои пешниҳодшудаи ташкилотҳои мазкур дар ҳаҷми умумии 4,5 млн. Евро аз ҷониби ҳукумати Олмон дар асоси бурсӣ ҷудо карда шудаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, ин воситаҳо мутобиқи тавофуқномаҳое, ки зимни гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон дар шаҳри Бонн ҳосил шудаанд, дастрас мегарданд.

«Ҳукумати Олмон кӯмаки мазкур ба Тоҷикистонро дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Рушди низоми молиявӣ дар манотиқи деҳот ҷудо кард, – гуфтанд дар Вазорати рушди иқтисод. – Барнома ба таҳкими мунтазами бахши молиявии хурд тавассути дастгирии муассисаҳои хурд ва миёнаи молиявӣ равона шудааст. Ҳадаф аз амалисозии лоиҳа – беҳбуди дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ аст».

Интизорӣ меравад, ки дар доираи татбиқи лоиҳа минбаъд низ маблағгузории Олмон идома меёбад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.