АНМН: Пешгирии муомилоти навбатии ғайриқонунии маводи мухаддир дар Суғд

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолияти як гурӯҳеро, ки дар қаламрави вилоят ба қочоқи маводи мухаддири тавлиди Афғонистон машғул буданд, пешгирӣ намуданд. Тавре аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи АНМН хабар доданд, 26 январи соли 2012 дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳангоми хариду фурӯши бештар […]

ASIA-Plus


Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолияти як гурӯҳеро, ки дар қаламрави вилоят ба қочоқи маводи мухаддири тавлиди Афғонистон машғул буданд, пешгирӣ намуданд.

Тавре аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи АНМН хабар доданд, 26 январи соли 2012 дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳангоми хариду фурӯши бештар аз ду кило каннабис, шаҳрвандони 43 ва 49 сола аз ҷумлаи сокинони ин шаҳр дастгир гардиданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми роҳандозии чорабиниҳои тафтишотӣ  маълум гардид, ки онҳо маводи мухаддирро аз сокини ноҳияи Ашт дарёфт кардаанд. Бо мақсади пайдо кардани маводи мухаддир кормандони Раёсат чораҳои иловагӣ андешида, дар вақти азназаргузаронии хонаи истиқоматиаш бештар аз як кило каннабисро ошкор ва мусодира карданд. Ин миқдор маводро вай барои  фурӯш омода карда буд.

Ҳаҷми умумии мухаддироти аз ин гурӯҳҳо мусодирашуда қариб 4 килоро ташкил дод.

Аз рӯи ин ҳодиса кормандони Шӯъбаи тафтишотии АНМН парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд.

Зимнан зикр гардид, ки се нафари дастгиршудагон дар айни замон дар тавқифгоҳи муваққатии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд нигоҳ дошта мешаванд. Тафтиши ҷинояти мазкур идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.