Хуҷанд: Оғози баррасии парвандаи ҷиноии 34 нафар аъзои ҲИӮ

Date:


Дар вилояти Суғд имрӯз дар курсии айбдорӣ 34 нафар афроди мансуб ба фаъолияти Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар назди қонун ҷавоб мегӯянд.

Мурофиаи судӣ дар бинои боздоштгоҳи рақами 2-и шаҳри Хуҷанд доир мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди вилоятӣ хабар доданд, айбдоршавандагон сокинони ноҳияи Исфара мебошанд, ки ба узвият дар Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва содир намудани як қатор ҷиноёти вазнин гумонбар дониста мешаванд.

Онҳо асосан дар содири намудани ҷиноёте чун куштор, ташкили ғайриқонунии гурӯҳи мусаллаҳ, ғоратгарӣ, ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша, барангехтани низои нажодиву маҳалгаройӣ ва мухолифати мазҳабӣ, бо роҳӣ зӯроварӣ ба даст гирифтани ҳокимият ва даъватҳои оммавӣ ба тағйири сохти конститутсионии ҶТ айбдор карда мешаванд.

Бино ба маълумоти мақомоти прокуратураи вилояти Суғд, соли гузашта дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 135 нафар аъзои фаъоли аҳзобу ҳаракатҳои динии ифротгароӣ ошкор карда шуданд. Миёни онҳо аъзои «Ҳизб-ут-Таҳрир», Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва ғайра ҳузур доштанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...