Хуҷанд: Оғози баррасии парвандаи ҷиноии 34 нафар аъзои ҲИӮ

Дар вилояти Суғд имрӯз дар курсии айбдорӣ 34 нафар афроди мансуб ба фаъолияти Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар назди қонун ҷавоб мегӯянд. Мурофиаи судӣ дар бинои боздоштгоҳи рақами 2-и шаҳри Хуҷанд доир мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди вилоятӣ хабар доданд, айбдоршавандагон сокинони ноҳияи Исфара мебошанд, ки ба узвият дар Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва содир […]

Мавлуда Рафиева


Дар вилояти Суғд имрӯз дар курсии айбдорӣ 34 нафар афроди мансуб ба фаъолияти Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар назди қонун ҷавоб мегӯянд.

Мурофиаи судӣ дар бинои боздоштгоҳи рақами 2-и шаҳри Хуҷанд доир мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди вилоятӣ хабар доданд, айбдоршавандагон сокинони ноҳияи Исфара мебошанд, ки ба узвият дар Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва содир намудани як қатор ҷиноёти вазнин гумонбар дониста мешаванд.

Онҳо асосан дар содири намудани ҷиноёте чун куштор, ташкили ғайриқонунии гурӯҳи мусаллаҳ, ғоратгарӣ, ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша, барангехтани низои нажодиву маҳалгаройӣ ва мухолифати мазҳабӣ, бо роҳӣ зӯроварӣ ба даст гирифтани ҳокимият ва даъватҳои оммавӣ ба тағйири сохти конститутсионии ҶТ айбдор карда мешаванд.

Бино ба маълумоти мақомоти прокуратураи вилояти Суғд, соли гузашта дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 135 нафар аъзои фаъоли аҳзобу ҳаракатҳои динии ифротгароӣ ошкор карда шуданд. Миёни онҳо аъзои «Ҳизб-ут-Таҳрир», Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва ғайра ҳузур доштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.