Ваколатҳои нави Хадамоти иҷрочиёни судии Русия нисбати муҳоҷирон

Хадамоти иҷрочиёни судии Русия ба анҷом додани ваколатҳои тоза – хориҷ кардани муҳоҷирон оғоз кард. Ба хадамот ин ваколатҳо аз моҳи январи соли 2012 вогузор шуданд. Хадамоти федералии иҷроҷиёни суд акнун амалеро, ки қаблан кормандони пулис анҷом медоданд, ба иҷро мерасонад. Қарор дар бораи ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ё афроди бидуни шаҳрвандиро суд содир мекунад. Аз […]

Акмал Маннонов


Хадамоти иҷрочиёни судии Русия ба анҷом додани ваколатҳои тоза – хориҷ кардани муҳоҷирон оғоз кард.

Ба хадамот ин ваколатҳо аз моҳи январи соли 2012 вогузор шуданд. Хадамоти федералии иҷроҷиёни суд акнун амалеро, ки қаблан кормандони пулис анҷом медоданд, ба иҷро мерасонад.

Қарор дар бораи ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ё афроди бидуни шаҳрвандиро суд содир мекунад. Аз ин ба баъд иҷрочиёни суд ин қарорро ба иҷро хоҳанд расонид. Дар ҳамин ҳол, иҷрочиёни суд ба муҳоҷирон билети сафар ба ватанро дастрас карда, онҳоро то марзи давлатӣ ҳамроҳӣ мекунанд ва сипас ба ихтиёри мақомоти сарҳадбонӣ месупоранд.

Минбаъд дар минтақаҳо барои нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба истирдод ё ихроҷ аз Русия маҳкум шудаанд, муассисаҳои махсус мавриди истифода қарор мегиранд.

Хабаргузории РИА Новости менависад, бо назардошти ин иқдом баҳори соли равон шумори ҳайати шахсии Раёсати Хадамоти федералии иҷрочиёни судии шаҳри Маскав зиёд хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.