Вазъи корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон

Корҳои сохтмонӣ дар қисмати дуюми роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон бо мусоид шудани обуҳаво шурӯъ мешаванд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази табиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои автомобилгард хабар доданд, айни замон вазъи обуҳаво имкон намедиҳад, ки ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшида шавад. «Аз ин рӯ, ҳоли ҳозир дар ин ҷо корҳои омодагӣ идома доранд, – гуфт […]

Пайрав Чоршанбиев


Корҳои сохтмонӣ дар қисмати дуюми роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон бо мусоид шудани обуҳаво шурӯъ мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази табиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои автомобилгард хабар доданд, айни замон вазъи обуҳаво имкон намедиҳад, ки ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшида шавад. «Аз ин рӯ, ҳоли ҳозир дар ин ҷо корҳои омодагӣ идома доранд, – гуфт манбаъ. – Мо пеш аз ҳама ба сифати корҳои роҳсозӣ таваҷҷуҳ менамоем. Сардиҳои кунунӣ бошанд, ба анҷом додани корҳои сохтмонии хушсифат мусоидат намекунанд».

Ҳамсӯҳбати хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки лоиҳаи таҷдиду бозсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон аз ду қисмат иборат аст. «Қисмати якум – таҷдиди роҳ бо масофаи 4,6 км аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаҳои ғарбии пойтахт ва қисмати дуюм бо масофаи 56,9 км аз дарвозаҳои ғарбии шаҳри Душанбе то марзи Ӯзбекистонро дарбар мегирад», – гуфт вай.

Ба қавли манбаъ, барои амалисозии қисмати дуюми лоиҳа Бонки осиёгии рушд 120 млн. $ маблағҳои бурсӣ ҷудо кардааст. Паймонкори кулли сохтмон ширкати чиноии «Чайна роуд», ки дар Тоҷикистон таҷрибаи зиёди корӣ дорад, интихоб шудааст.

Дар Марказ зикр намуданд, ки корҳои сохтмонии қисмати аввали таҷдиди роҳи мазкур бояд то моҳи октябри соли 2013 ба анҷом расанд.

Дар робита ба қисмати дуюми лоиҳа манбаъ изҳор кард, ки айни замон дар он корҳои омодагӣ ҷараён дошта, бояд то моҳи апрели соли равон ба охир расанд.

«Пас аз ин ба имзо расонидани созишномаи қарзӣ бо Бонки таҷдиду рушди Аврупо ба маблағи 1,5 млн. $ дар назар аст, ки он ба таҳияи ҷузъиёти лоиҳаи таҷдиди роҳ равона хоҳад шуд. Тендер ҷиҳати интихоби паймонкори кулли сохтмони қисмати дуюм ахири соли равон эълон хоҳад шуд», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки роҳи мошингарди мазкур бояд то соли 2014 пурра таҷдиду бозсозӣ карда шавад.

Ёдрас мекунем, ки 7-уми ноябри соли гузашта бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби президенти Бонки осиёгии рушд Сиаою Жао маросими расмии оғози таҷдиду бозсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон баргузор шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.