Ваколатҳои нави Хадамоти иҷрочиёни судии Русия нисбати муҳоҷирон

Date:


Хадамоти иҷрочиёни судии Русия ба анҷом додани ваколатҳои тоза – хориҷ кардани муҳоҷирон оғоз кард.

Ба хадамот ин ваколатҳо аз моҳи январи соли 2012 вогузор шуданд. Хадамоти федералии иҷроҷиёни суд акнун амалеро, ки қаблан кормандони пулис анҷом медоданд, ба иҷро мерасонад.

Қарор дар бораи ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ё афроди бидуни шаҳрвандиро суд содир мекунад. Аз ин ба баъд иҷрочиёни суд ин қарорро ба иҷро хоҳанд расонид. Дар ҳамин ҳол, иҷрочиёни суд ба муҳоҷирон билети сафар ба ватанро дастрас карда, онҳоро то марзи давлатӣ ҳамроҳӣ мекунанд ва сипас ба ихтиёри мақомоти сарҳадбонӣ месупоранд.

Минбаъд дар минтақаҳо барои нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба истирдод ё ихроҷ аз Русия маҳкум шудаанд, муассисаҳои махсус мавриди истифода қарор мегиранд.

Хабаргузории РИА Новости менависад, бо назардошти ин иқдом баҳори соли равон шумори ҳайати шахсии Раёсати Хадамоти федералии иҷрочиёни судии шаҳри Маскав зиёд хоҳад шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...