Маблағгузории «Россельхозбанк» ба рушди бахши кишоварзии Тоҷикистон

Date:


Ахири ҳафтаи гузашта як ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини нахуствазир Муродалӣ Алимардон аз «Россельхозбанк»-и Русия боздид карда, бо мақомоти раҳбарии он мулоқот орост.

Тавре хадамоти матбуоти «Россельхозбанк» хабар медиҳад, дар мулоқот масоили дурнамои ҳамкориҳо дар бахши дастгирии молиявии комплекси агросаноатӣ, рушди амалиётҳои байнибонкӣ миёни ташкилотҳои қарздиҳии Тоҷикистону Русия, аз ҷумла хизматгузории бонкӣ ба гардиши савдои хориҷӣ баррасӣ шудаанд.

«Бо мақсади роҳандозии ҳамкории пурсамар миёни «Росселхозбанк» ва ҳукумати Тоҷикистон раиси раёсати бонки мазкур Дмитрий Патрушев ва Муродалӣ Алимардон созишномаеро ба имзо расониданд, ки дар он шартҳои умумии аз ҷониби бонк маблағгузорӣ шудани амалиётҳои содиротиву воридотии мизоҷони ҶСК «Агроинвестбонк» бо шумули харидани техникаи кишоварзӣ ва дигар техникаи дахлдори истеҳсоли Русия муайян карда шуданд», – гуфта мешавад дар сомонаи расмии бонк.

Қобили зикр аст, ки ҶСК «Российский сельскохозяйственный банк» (Россельхозбанк) яке аз бонкҳои бузурги Русия маҳсуб меёбад. Давлат молики 100%-и саҳмияҳои бонк аст. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...