Дар шаҳри Душанбе як хизматчии низомии нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ бо маводи мухаддир дастгир шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти интизомии кишвар хабар доданд, рӯзи 31-уми соли равон дар пойтахти ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир старшинаи нерӯҳои марзбонии кишвар дар посгоҳи сарҳадбонии самти ноҳияи Фархори марзи Тоҷикистону Афғонистон Д.Д.-и 22-сола боздошт шуд.
«Ҳангоми кофтукови шахсии боздоштшуда ҳудуди 5,5 кило маводи мухаддири ҳашиш ва беш аз 1 кило афюн дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфтанд дар мақомот.
Гумонбаршуда дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ шуда, пас аз чанде ба ӯ айбнома пешниҳод хоҳад гардид. Тафтишоти далели мазкур идома дорад.


