Оғози санҷиши далелҳои фасодкорӣ дар маросими ҳаҷ

Мақомоти додситонии вилояти Суғд санҷиши далелҳои марбут ба коррупсия миёни афроди масъул ба ташкили адои маросими ҳаҷро оғоз намуд. Санҷиш бар асоси мактуби ҳуқушинос Истадмурод Акрамов дар бораи фаъолияти коррупсионии як зумра мансабдорони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар ташкили маросими ҳаҷ, ки дар ҳафтавори «Азия-Плюс» аз 12 январи соли равон чоп […]

Фирӯз Умарзода


Мақомоти додситонии вилояти Суғд санҷиши далелҳои марбут ба коррупсия миёни афроди масъул ба ташкили адои маросими ҳаҷро оғоз намуд.

Санҷиш бар асоси мактуби ҳуқушинос Истадмурод Акрамов дар бораи фаъолияти коррупсионии як зумра мансабдорони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар ташкили маросими ҳаҷ, ки дар ҳафтавори «Азия-Плюс» аз 12 январи соли равон чоп шуда буд, гузаронида мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари додситони вилояти Суғд Донохон Ҷӯраева хабар дод.

Ӯ маълумот дар бораи ҷиҳати санҷиш ба додситонии вилояти Суғд фиристодани мактуби ҳуқуқшинос бо дархост таҳти имзои шахсии додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзодаро рад кард.

«Мо вазифадорем, ки бо маводи ВАО, ки ба фаъолияти ин ё он соҳа дар вилояти Суғд дахл доранд, шинос шавем, – иброз дошт вай. – Аз Додситонии кулл ба мо дар ин хусус ҳеҷ супориши махсусе нарасидааст. Пас аз шиносоӣ бо мавод мо ба мақомоти раҳбариамон муроҷиат кардем ва маводи мазкур ҷиҳати санҷиш ба кормандони дахлдор супурда шуд».

Ба гуфтаи ӯ, санҷиш санаи 30-юми январ оғоз гардида, дар бораи натиҷаҳоои он баъдтар маълумот дода хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иттилоъ доданд, ки далелҳои зикршуда дар мактуби ҳуқуқшинос роҷеъ ба коррупсия ҷой доранд, вале аллакай мақомоти додситонӣ ба санҷиши он машғул аст.

«Мо танҳо пас аз пешниҳоди хулосаи додситонӣ дар ин хусус, метавонем ба санҷиши он сарукор гирем», – гуфтанд дар агентии мазкур.

Ёдрас мекунем, ки дар шумораи №3-и ҳафтавори «Азия-Плюс» мактуби ҳуқуқшинос, роҳбари қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ дар шаҳри Хуҷанд Истадмурод Акрамов ба табъ расида буд. Дар мактуб Акрамов, ки худ соли равон маросими ҳаҷро адо намуд, дар бораи ҷой доштани содир гардидани амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби як зумра мансабдорон зимни ташкили маросими адои ҳаҷ изҳори назар карда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.