Боздошти хизматчии нерӯҳои марзбонӣ бо маводи мухаддир

Дар шаҳри Душанбе як хизматчии низомии нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ бо маводи мухаддир дастгир шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти интизомии кишвар хабар доданд, рӯзи 31-уми соли равон дар пойтахти ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир старшинаи нерӯҳои марзбонии кишвар дар посгоҳи сарҳадбонии самти ноҳияи Фархори марзи Тоҷикистону Афғонистон Д.Д.-и 22-сола […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Душанбе як хизматчии низомии нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ бо маводи мухаддир дастгир шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти интизомии кишвар хабар доданд, рӯзи 31-уми соли равон дар пойтахти ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир старшинаи нерӯҳои марзбонии кишвар дар посгоҳи сарҳадбонии самти ноҳияи Фархори марзи Тоҷикистону Афғонистон Д.Д.-и 22-сола боздошт шуд.

«Ҳангоми кофтукови шахсии боздоштшуда ҳудуди 5,5 кило маводи мухаддири ҳашиш ва беш аз 1 кило афюн дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфтанд дар мақомот.

Гумонбаршуда дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ шуда, пас аз чанде ба ӯ айбнома пешниҳод хоҳад гардид. Тафтишоти далели мазкур идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.