Корҳои нақбканӣ дар туннели Шаҳристон моҳи апрел анҷом меёбанд

Корҳои нақбканӣ дар туннели Шаҳристон, ки минтақаи шимоли кишварро ба қисмати марказӣ мепайвандад, моҳи апрел ба анҷом мерасанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази табиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ хабар доданд, айни замон дар нақби мошинрав дар масофаи беш аз 5 ҳазор метр корҳои нақбканӣ анҷом дода шудаанд. Масофаи умумии нақби мошинрав 5 ҳазору […]

Пайрав Чоршанбиев


Корҳои нақбканӣ дар туннели Шаҳристон, ки минтақаи шимоли кишварро ба қисмати марказӣ мепайвандад, моҳи апрел ба анҷом мерасанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази табиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ хабар доданд, айни замон дар нақби мошинрав дар масофаи беш аз 5 ҳазор метр корҳои нақбканӣ анҷом дода шудаанд. Масофаи умумии нақби мошинрав 5 ҳазору 253 метрро ташкил медиҳад.

Дар нақби ҳавогузар, ки масофаи он ба ҳудуди 5,3 ҳазор метр баробар аст, дар масофаи 5 ҳазору 160 метр корҳои сохтмониву нақбканӣ анҷом дода шудаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, сохтмончиён дар як вақт корҳои бетонрезии нақбро низ ба иҷро мерасонанд. Айни замон дар нақби мошинрав масофаи беш аз 4,7 ҳазор ва нақби ҳавогузар масофаи 4,6 ҳазор метр бетонрезӣ шудааст.

Дар Маркази татбиқи барнома изҳор карданд, ки феълан ҳаҷми корҳои иҷрошудаи сохтмониву бозсозӣ дар иншооти мазкур 57,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки қаблан муҳлати мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Шаҳристон» ба ахири соли 2012 муқаррар гардид. Нахуст мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Шаҳристон» ахири соли 2010 ба нақша гирифта шуда буд.

Нақби «Шаҳристон» дар километи 180-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, миёни ноҳияҳои Айниву Шаҳристон воқеъ буда, дарозии он 5 ҳазору 253 метрро ташкил медиҳад. Сохтмони нақби мазкур расман санаи 2-юми августи соли 2006 оғоз гардид. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.