Корҳои нақбканӣ дар туннели Шаҳристон моҳи апрел анҷом меёбанд

Date:


Корҳои нақбканӣ дар туннели Шаҳристон, ки минтақаи шимоли кишварро ба қисмати марказӣ мепайвандад, моҳи апрел ба анҷом мерасанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази табиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ хабар доданд, айни замон дар нақби мошинрав дар масофаи беш аз 5 ҳазор метр корҳои нақбканӣ анҷом дода шудаанд. Масофаи умумии нақби мошинрав 5 ҳазору 253 метрро ташкил медиҳад.

Дар нақби ҳавогузар, ки масофаи он ба ҳудуди 5,3 ҳазор метр баробар аст, дар масофаи 5 ҳазору 160 метр корҳои сохтмониву нақбканӣ анҷом дода шудаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, сохтмончиён дар як вақт корҳои бетонрезии нақбро низ ба иҷро мерасонанд. Айни замон дар нақби мошинрав масофаи беш аз 4,7 ҳазор ва нақби ҳавогузар масофаи 4,6 ҳазор метр бетонрезӣ шудааст.

Дар Маркази татбиқи барнома изҳор карданд, ки феълан ҳаҷми корҳои иҷрошудаи сохтмониву бозсозӣ дар иншооти мазкур 57,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки қаблан муҳлати мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Шаҳристон» ба ахири соли 2012 муқаррар гардид. Нахуст мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Шаҳристон» ахири соли 2010 ба нақша гирифта шуда буд.

Нақби «Шаҳристон» дар километи 180-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, миёни ноҳияҳои Айниву Шаҳристон воқеъ буда, дарозии он 5 ҳазору 253 метрро ташкил медиҳад. Сохтмони нақби мазкур расман санаи 2-юми августи соли 2006 оғоз гардид. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...