Бар асари сардӣ дар мактабҳо таътил эълон шуд


Бар асари сардии шадид дар мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон то 10-уми феврал таътил эълон шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Сиддиқ Муборак хабар дод, танҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таътил эълон гардида, он ба макотиби олӣ ва муассисаҳои томактабӣ дахл надорад.

«Мо фаъолияти кӯдакистонҳоро қатъ сохта наметавонем, зеро аксари волидайни кӯдакон кор мекунанд ва ғайр аз ин, тамоми кӯдакистонҳо гарманд», – гуфт ӯ.

Ба қавли номбурда, барои аз барномаи мактабӣ қафо намондани синфҳои ибтидоӣ чор рӯзи шанбе онҳо дарс хоҳанд хонд ва барои толибимони синфҳои болоӣ дар ҳафтаи омӯзишӣ соатҳои иловагӣ зам карда мешаванд.

Ҳамчунин имрӯз бояд машқу тамринҳои ҷашни Наврӯз оғоз мегардиданд, ки ба онҳо ҳудуди 4 ҳазор мактаббачагон ҷалб карда мешаванд. Аммо бинобар сардии обуҳаво онҳо низ мавқуф гузошта шуданд.

Роҳбари Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Гулнора Бобоева дар робита ба ин масъала гуфт, то мусоид шудани обуҳаво тамринҳои аввал дар толори варзишии ҳар як мактаб гузаронида мешавад. «Тамринҳои умумӣ дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ» дар арафаи ҷашн баргузор мегарданд», – афзуд номбурда.

spot_imgspot_img

Популярное