Исфара: Боздошти ду нафар барои таълимоти ғайриқонунии динӣ

Дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд ду нафар шаҳрвандон барои машғул будан ба таълимоти ғайриқонунии динӣ боздошт шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати умури дохилии вилояти Суғд хабар доданд, яке аз онҳо сокини бекори ҷамоати Чоркӯҳ Холиқ Яъқубов бидуни иҷозатномаи дахлдор ба 13 нафар ноболиғон, толибилмони синфҳои 3-10 аз асосҳои дин дарс мегуфтааст. «Далелҳои шайъӣ, […]

Мавлуда Рафиева


Дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд ду нафар шаҳрвандон барои машғул будан ба таълимоти ғайриқонунии динӣ боздошт шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати умури дохилии вилояти Суғд хабар доданд, яке аз онҳо сокини бекори ҷамоати Чоркӯҳ Холиқ Яъқубов бидуни иҷозатномаи дахлдор ба 13 нафар ноболиғон, толибилмони синфҳои 3-10 аз асосҳои дин дарс мегуфтааст.

«Далелҳои шайъӣ, ки асосан аз адабиёти динӣ иборатанд, мусодира шуда, омӯзгор боздошт шуд», – гуфтанд дар раёсат

Ба иттилои манбаъ, чанде қабл ҳамчунин сокини дигари ҷамоати Чоркӯҳ Фурқат Иброҳимови 31-сола низ ба чунин иттиҳом боздошт гардидааст. «Ӯ дар манзили шахсии худ ба таълими динии шаш нафар кӯдакони соли таваллуди 2005-2007 машғул будааст», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далелҳо мутобиқи моддаи 474-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (риоя накардани қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»)-и ҶТ парвандаҳои маъмурӣ боз гардида, ба суди шаҳри Исфара супурда шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.