Бар асари сардӣ дар мактабҳо таътил эълон шуд

Бар асари сардии шадид дар мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон то 10-уми феврал таътил эълон шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Сиддиқ Муборак хабар дод, танҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таътил эълон гардида, он ба макотиби олӣ ва муассисаҳои томактабӣ дахл надорад. «Мо фаъолияти кӯдакистонҳоро қатъ сохта наметавонем, зеро аксари волидайни кӯдакон […]

Меҳрангез Турсунзода


Бар асари сардии шадид дар мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон то 10-уми феврал таътил эълон шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Сиддиқ Муборак хабар дод, танҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таътил эълон гардида, он ба макотиби олӣ ва муассисаҳои томактабӣ дахл надорад.

«Мо фаъолияти кӯдакистонҳоро қатъ сохта наметавонем, зеро аксари волидайни кӯдакон кор мекунанд ва ғайр аз ин, тамоми кӯдакистонҳо гарманд», – гуфт ӯ.

Ба қавли номбурда, барои аз барномаи мактабӣ қафо намондани синфҳои ибтидоӣ чор рӯзи шанбе онҳо дарс хоҳанд хонд ва барои толибимони синфҳои болоӣ дар ҳафтаи омӯзишӣ соатҳои иловагӣ зам карда мешаванд.

Ҳамчунин имрӯз бояд машқу тамринҳои ҷашни Наврӯз оғоз мегардиданд, ки ба онҳо ҳудуди 4 ҳазор мактаббачагон ҷалб карда мешаванд. Аммо бинобар сардии обуҳаво онҳо низ мавқуф гузошта шуданд.

Роҳбари Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Гулнора Бобоева дар робита ба ин масъала гуфт, то мусоид шудани обуҳаво тамринҳои аввал дар толори варзишии ҳар як мактаб гузаронида мешавад. «Тамринҳои умумӣ дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ» дар арафаи ҷашн баргузор мегарданд», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.