Ҳаҷми ҷубронпулӣ ба оилаҳои муҳоҷири Роғун зиёд шуд

Зимни муаррифии Гузориш оид ба натиҷаҳои таҳқиқоти раванди муҳоҷирати аҳолӣ аз минтақаи обанбори нерӯгоҳи Роғун, ки «Дафтар оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» (BHR) баргузор намуд, роҳбари Муассисаи давлатии минтақаи таҳти сохтмони нерӯгоҳи Роғун Рамазон Мирзоев гуфт, масъалаи пардохти ҷуброн ба аҳолии таҳти минтақаи сохтмон қарордоштаро ҳукумати кишвар муваффақона ҳал мекунад. Ба гуфтаи вай, […]

Заррина Эргашева


Зимни муаррифии Гузориш оид ба натиҷаҳои таҳқиқоти раванди муҳоҷирати аҳолӣ аз минтақаи обанбори нерӯгоҳи Роғун, ки «Дафтар оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» (BHR) баргузор намуд, роҳбари Муассисаи давлатии минтақаи таҳти сохтмони нерӯгоҳи Роғун Рамазон Мирзоев гуфт, масъалаи пардохти ҷуброн ба аҳолии таҳти минтақаи сохтмон қарордоштаро ҳукумати кишвар муваффақона ҳал мекунад.

Ба гуфтаи вай, айни ҳол муҳоҷирони дохилӣ аз ҷубронпулии гирифтаашон қаноатманданд. Мирзоев то ҳанӯз дар ин самт мавҷуд будани мушкилоти зиёдро инкор намекунад. Бино ба маълумоти ӯ, соли 2011 аз ҳисоби ҳаҷми умумӣ маблағи пардохти ҷубронпулӣ барои муҳоҷирони дохилӣ ба таври назаррас афзудааст.

«Агар тӯли солҳои 2009-2010 ба муҳоҷирон дар маҷмӯъ 13 млн. сомонӣ пардохт шуда бошад, пас соли 2011 ба онҳо 39,5 млн. сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт кардем. Аммо дар робита ба масъалаи марҳила ба марҳила пардохт намудани ҷубронпулӣ ман расман гуфта метавонам, ки мо қисмати аввали ҷубронпулиро аз 30 то ба 80% зиёд карда наметавонем, зеро аксаран ин маблағҳоро аз рӯйи таъинот истифода намебаранд. Масалан, ба ҷойи масолеҳи сохтмон автомашина мехаранд», – гуфт ӯ.

Тавре дар гузориш гуфта мешавад, маблағи ҷубронпулӣ қисм-қисм дода мешавад ва қисмати аввал 30% аз ҳаҷми умумии ҷубронпулиро ташкил медиҳад. Арзиши манзили зист аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муайян гардида, айни ҳол нархи миёнаи он тақрибан 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамоҳангсози лоиҳаи «Пешбарии манфиатҳои шахсоне, ки бинобар сохтмони нерӯгоҳи Роғун кӯчонида мешаванд»-и BHR Таҳмина Ҷӯраева бар ин назар аст, ки маблағи қисмати аввали ҷубронпулӣ (30%) барои харидани масолеҳи сохтмону оғози сохтмон кифоя нест. «Таҳқиқотгарон пешниҳод карданд, ки маблағи қисмати аввали ҷубронпулӣ то 80% аз ҳаҷми умумӣ афзуда шавад, вале ин пешниҳод алҳол дастгирӣ наёфт», – гуфт ӯ.

Барномаи кӯчонидани мардуми минтақаи таҳти сохтмони нерӯгоҳи Роғун соли 2009-ум оғоз ёфта буд. Дар доираи амалисозии ин барнома 4700 оила ва ё тахминан 30 ҳазор нафар сокини 63 деҳаи Роғуну Нуробод то соли 2015 ба Данғара, Турсунзода ва Теппаи Самарқандӣ дар атрофи пойтахт ва Дарбанд кӯчонида мешаванд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.