Дар Файзобод Гӯшаи Амрико ифтитоҳ ёфт

Роҳбари Бахши робита бо ҷомеъаи Сафорати Амрико Весли Робертсон дар маросими расмии ифтитоҳи  аввалин Равзана ба Амрико дар ноҳияи Файзобод ширкат варзид. Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, равзана ба Амрико кӯшиши муштараки ҳукумати маҳалии шаҳраки Файзобод ва Сафорати Амрико мебошад. Дар ин чорабинӣ раиси ноҳияи Файзобод Ҳакимов Абдулло, ҷонишини раис Раҷабова Сайбӣ, […]

ASIA-Plus


Роҳбари Бахши робита бо ҷомеъаи Сафорати Амрико Весли Робертсон дар маросими расмии ифтитоҳи  аввалин Равзана ба Амрико дар ноҳияи Файзобод ширкат варзид.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, равзана ба Амрико кӯшиши муштараки ҳукумати маҳалии шаҳраки Файзобод ва Сафорати Амрико мебошад. Дар ин чорабинӣ раиси ноҳияи Файзобод Ҳакимов Абдулло, ҷонишини раис Раҷабова Сайбӣ, хатмкунандаи барномаи мубодилаи Департаменти давлатӣ Раҳимов Умед ва инчунин муаллимон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Ҳукумати маҳаллии Файзобод утоқеро дар маркази нави ҷавонон ба китобхонаи хурд табдил доданд ва Сафорат чорто компюер, мизҳо барои компютер ва инчунин маводҳо ба забони англисӣ ва брошураҳо дар бораи ҳаёт дар Амрико ва барномаҳое, ки аз ҷониби ҳукумати Амрико маблағгузорӣ мешаванд, тақдим намуд. Ихтиёриён аз гӯшаи Амрикои шаҳри Душанбе дар ҳамроҳӣ бо муаллимони забони англисии амрикоӣ, ки аз тарафи Сафорат дастгирӣ шудаанд, ба ин Равзана ба Амрико ташриф оварда, ба муаллимон ва донишҷуён онро муаррифӣ намуданд. Кормандони гӯшаи Амрикои Душанбе барои муаррифии он ва дастрас намудани китобҳо ва маводҳои забони англисӣ ҳар моҳ ба ноҳияи Файзобод ташриф хоҳанд овард. Инчунин, лекторон ва муаллимони забони англисӣ аз Сафорати Амрико ба Равзанаи Амрикои ноҳияи Файзобод ташриф оварда, бо донишҷӯён дар мавзӯҳои гуногун оид ба ҳаёт дар Амрико, фарҳанг, маслиҳатҳои омӯзишӣ, барномаҳое, ки аз тарафи ҳукумати Амрико маблағгузорӣ мешаванд ва семинарҳо барои муаллимон, сӯҳбатҳо хоҳанд орост.

Дар маросими ифтитоҳ, ҷаноби Весли Робертсон чунин қайд намуд: «Мо умедворем, ки нафарони зиёди тоҷик ва амрикоӣ ба ин Равзанаи Амрико ташриф оварда, барои сохтмони пули ҳамдигарфаҳмӣ байни ду кишварро мусоидат хоҳанд кард. Мо дустӣ ва ҳамкории шуморо хеле қадрдонӣ мекунем ва мунтазири боз чандин ташрифҳо ба Равзанаи Амрикои ноҳияи Файзобод мешавем, то ки дустии мо боз ҳам мустаҳкамтар гардад».

Гӯшаҳои Амрико ва Равзанаҳо ба Амрико яке аз воситаҳое мебошанд, ки тавасути онҳо мардуми Амрико маорифи Тоҷикистон ва ҷавонони деҳотро дастгирӣ менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.