Поинравии қимати бензин дар Хуҷанд

Дар нуқтаҳои ҷудогонаи фурӯши маводи сӯзишвории шаҳри Хуҷанд поинравии начандон назарраси қимати бензин ба мушоҳида мерасад. Айни замон дар яке аз нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд қимати бензини навъи Аи-95 ба 6,4, Аи-92 муодили 6,1 ва як литри сӯзишвории дизелӣ ба 5,5 сомонӣ баробар аст. Дар дигар нуқтаи фурӯш, ки ба […]

Бахтиёр Валиев


Дар нуқтаҳои ҷудогонаи фурӯши маводи сӯзишвории шаҳри Хуҷанд поинравии начандон назарраси қимати бензин ба мушоҳида мерасад.

Айни замон дар яке аз нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд қимати бензини навъи Аи-95 ба 6,4, Аи-92 муодили 6,1 ва як литри сӯзишвории дизелӣ ба 5,5 сомонӣ баробар аст.

Дар дигар нуқтаи фурӯш, ки ба фирмаи «Tom oil» мутааллиқ аст, арзиши бензини навъҳои Аи-95, Аи-92 ва ҳамчунин сӯзишвории дизелӣ нисбат ба фурӯшгоҳи ширкати «Газпром» 10 дирам арзонтар аст.

Вазъи поинравии начандон назарраси маводи сӯзишвориро коршиносони соҳа ба шадид шудани рақобат дар бозор рабт медиҳанд.

Як коршиносе, ки аз ифшои ному насабаш худдорӣ варзид, дар робита ба ин масъала гуфт, рақобати ширкатҳои хурд бо ширкатҳои бузург, ки хизматгузории хубро пешниҳод мекунанд, хеле душвор аст ва аз ин рӯ, онҳо мизоҷонро бо поин овардани нарх ҷалб месозанд.

Дар идома ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар навбати худ ширкатҳои бузурги таъминкунандаи минтақаи шимоли ҷумҳурӣ бо бензин низ мушкилоти муайяне доранд, зеро онҳо ба таври қонунӣ фаъолият дошта, бо маводи сӯзишвории ба таври қочоқ воридшуда низ дар рақобат ҳастанд.

Нисбат ба шаҳри Хуҷанд арзиши бензин дар ноҳияҳои наздимарзии вилояти Суғд боз ҳам арзонтар мебошад. Ба гунаи мисол метавон гуфт, ки қимати як литр бензини навъи Аи-92 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 6 сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо маркази вилоят 20 дирам поинтар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.