Пешниҳоди сарвазир бобати вусъати корҳо дар майдони нафтугаздори «Сариқамиш»

Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ҳайати намояндагони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Газпром»-и Русия бо сарварии аъзои Шӯрои ҷамъият Всеволод Черепанов ва директори идоракунандаи Gazprom International Валерий Гулевро ба ҳузур пазируфт. Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар мулоқот масоили марбут ба амалисозии лоиҳаҳои муштарак баррасӣ шуданд. Дар мулоқот зикр гардид, ки тибқи нақша соли равон […]


Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ҳайати намояндагони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Газпром»-и Русия бо сарварии аъзои Шӯрои ҷамъият Всеволод Черепанов ва директори идоракунандаи Gazprom International Валерий Гулевро ба ҳузур пазируфт.

Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар мулоқот масоили марбут ба амалисозии лоиҳаҳои муштарак баррасӣ шуданд.

Дар мулоқот зикр гардид, ки тибқи нақша соли равон дар майдони нафтугаздори «Сариқамиш» корҳои пармагарӣ бояд ба анҷом расанд.

Оқилов ба намояндагони ширкати «Газпром» пешниҳод кард, ки ба корҳои пармагарӣ дар майдони «Сариқамиш» вусъат бахшида шуда, ҳамчунин дар майдони нафтугаздори «Шоҳамбарии Ғарбӣ» корҳои иктишофи геологӣ оғоз карда шаванд.

Дар навбати худ намояндагони ширкати «Газпром» изҳор карданд, ки ҷиҳати омӯзиш ва амалисозии пешниҳодоти ҷониби Тоҷикистон чораву тадбирҳои зарурӣ андешида хоҳад шуд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.