Нигаронии медиа-созмонҳои Тоҷикистон аз вазъи Маркази журналистикаи экстремалӣ

Date:


Роҳбарони медиа-созмонҳои Тоҷикистон аз вазъи мавҷуда атрофи созмони шарикашон – Маркази журналистикаи экстремалӣ, ки сохтори ҳомии ҳуқуқи Иттифоқи журналистони Русия аст, изҳори нигаронӣ карданд.

Дар изҳороти раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов ва раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) Нуриддин Қаршибоев ба унвони раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Всеволод Богданов гуфта мешавад, вазъи мазкур ба нуфуз ва фаъолияти дигар созмонҳои журналистӣ дар қаламрави пасошӯравӣ таъсири манфӣ расонид.

Дар изҳорот зикр мегардад, ки дар тӯли 12 соли фаъолият Маркази журналистикаи экстремалӣ ҳамчун созмони муҳофизи ҳуқуқҳои журналистон ва саҳмгузор дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мақоми шоиста касб кард ва қатъи фаъолияти он бо айби муассис барои созмони бонуфузе чун Иттифоқи журналистони Русия лоиқи таҳсин нест.

Роҳбарони медиа-созмонҳои Тоҷикистон изҳори умедворӣ намудаанд, ки Иттифоқи журналистони Русия роҳу воситаҳои пурсамари раҳоӣ аз вазъи мавҷударо дарёфта, ба фаъолияти мӯътадили Маркази журналистикаи экстремалӣ мусоидат хоҳад кард.

Бино ба маълумоти ВАО-и Русия, Маркази журналисткаи экстремалӣ бинобар сабаби ихтилофоти пайдошуда бо Иттифоқи журналистон Русия фаъолияти худро қатъ сохт. Татбиқи лоиҳаҳои маркази мазкур қатъ гардида, суратҳисобҳои бонкӣ баста ва директори марказ бо санаи қаблӣ дар фармон аз кор озод шудааст. Кормандони марказ хоҳиши тарки созмонро кардаанд. Дар Иттифоқи журналистони Русия гуфтаанд, норозигӣ ба фаъолияти марказ ба кори ғайриқаноатбахши кормандони кунунии он марбут будааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...