Тағйирот дар ҳаҷми нафақаи маъюбони гурӯҳи аввал

Date:


Мутобиқи тағийроти воридшуда ба Қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки имрӯз дар палатаи поёнии парлумони кишвар қабул шуд, сарфи назар аз ҳаҷми нафақа, пас аз марги нафақахӯр ба хешовандонаш ба сифати кӯмакпулии якдафъаина дар ҳаҷми 20 нишондиҳандаи ҳисоб (як нишондиҳанда ба 40 сомонӣ баробар аст), яъне 800 сомонӣ маблағи пулӣ дода мешавад.

Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов изҳор кард, ки тағйироти мазкур барои бартараф кардани коррупсия, тарзи дурусти ҳисоби маблағи суғурта, пардохти нафақа тавассути бонки давлатии «Амонатбонк» ва ҳамчунин муайян сохтани ҳаҷми умумии пардохти нафақа пас аз марги нафақахӯрон равона гардидаанд.

Раиси палатаи поёнии парлумони кишвар зимни суханронӣ гуфт, тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба ҳифзи иҷттимоии шаҳрвандон нигаронида шуда, агар панҷ сол қабл барои пардохти маблағи нафақа дар Тоҷикистон 650 млн. сомонӣ маблағ масраф мегардид, пас ҳаҷми он дар соли  равон беш аз 1 млрд. сомониро ташкил медиҳад. «Мутобиқи тағйироти воридшуда, акнун ҳаҷми маблағи нафақаи маъюбони гурӯҳи аввал 800 сомониро ташкил хоҳад дод», – афзуд Ш.Зуҳуров.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...