Эмомалӣ Раҳмон президенти тозаинтихоби Финландияро табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти тозаинтихоби Финландия Саули Ниинистеро ба муносибати ба ин мансаб интихоб шуданаш табрик кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, сарвари давлати Тоҷикистон дар паёми табрикотии худ изҳори боварӣ намудааст, ки муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Финландия минбаъд низ баҳри манфиатҳои ҳарду ҷониб дар ҳоли густариш қарор хоҳанд […]

Аваз Юлдошев


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти тозаинтихоби Финландия Саули Ниинистеро ба муносибати ба ин мансаб интихоб шуданаш табрик кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, сарвари давлати Тоҷикистон дар паёми табрикотии худ изҳори боварӣ намудааст, ки муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Финландия минбаъд низ баҳри манфиатҳои ҳарду ҷониб дар ҳоли густариш қарор хоҳанд дошт.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли равон Тоҷикистону Финландия ҷашни 20-умин солгарди барқарор намудани муносибатҳои дипломатии дуҷонибаро таҷлил хоҳанд намуд.

Дар даври дуюми маъракаи интихоботи президенти Финландия узви Ҳизби эътилоф Ниинисте 63 дарсади раъйи интихобкунандагонро соҳиб шуд. Рақиби ӯ Пекка Хависто, ки «Иттиҳоди сабзҳо»-ро намояндагӣ мекард, соҳиби 37%-и раъйи шаҳрвандони кишвараш шуда, мағлубияташро эътироф кард. Иштироки интихобкунандагон дар маъракаи интихоботӣ 69%-ро ташкил дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.