Қабулгоҳи Ваколатдори ҳуқуқи инсони Хуҷанд баста шуд

Date:


Қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ҳуқуқи инсон дар шаҳри Хуҷанд баста шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари қабулгоҳи мазкур Истадмурод Акрамов хабар дод.

Ба гуфтаи вай, аз баста шудани қабулгоҳ ӯро роҳбарони мақомоти болоӣ огаҳ сохта, изҳор кардаанд, ки қатъи маблағгузорӣ аз ҷониби яке аз фондҳо боиси бастани қабулгоҳ шудааст.

Чанде аз чунин қабулгоҳҳо, ба гуфтаи Акрамов, дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ баста шудаанд. Аммо Акрамов бар ин назар аст, ки қабулгоҳи Хуҷанд бо сабаби дигар баста шудааст.

«Дар шумораи №3-и ҳафтавори «Азия-Плюс» мактуби ман дар бораи маросими адои ҳаҷ дар соли 2011 ба табъ расида буд. Дар мактуб ман, ки худ соли равон маросими ҳаҷро адо намудам, дар бораи ҷой доштани содир гардидани амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби як зумра мансабдорон зимни ташкили маросими адои ҳаҷ изҳори назар карда будам ва сабаби бастани қабулгоҳ шояд ҳамин бошад», – гуфт вай.

Акрамов ҳамчунин иброз дошт, ки қабулгоҳи ҷамъиятӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Хуҷанд моҳи октябри соли гузашта ифтитоҳ гардида, моҳи декабр ба он утоқи корӣ ҷудо гардид. Дар муддати фаъолият ба қабулгоҳ 40 муроҷиати шаҳрвандон ворид гардидааст, ки асосан ба масоили муносибат бо мақомоти гуногун, аз ҷумла сохтори қудратӣ дахл доштаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related