Интиқоли ҷасади афсарони ҳалокшуда ба Тоҷикистон

Ду афсари нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва нерӯҳои дифои зиддиҳавоии Тоҷикистон ҷиҳати таҳқиқи сабабҳои садамаи чархболи Ми-8-и Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба Афғонистон рафтанд. Чархболи Ми-8-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки аз моҳи майи соли 2011 дар ҳайати нерӯҳои посдори сулҳ дар Афғонистон (ISAF) кор мекард, рӯзи 11-уми феврал дар музофоти Зобули Афғонистон ба садама дучор шуд. Бар асари […]

Аваз Юлдошев


Ду афсари нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва нерӯҳои дифои зиддиҳавоии Тоҷикистон ҷиҳати таҳқиқи сабабҳои садамаи чархболи Ми-8-и Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба Афғонистон рафтанд.

Чархболи Ми-8-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки аз моҳи майи соли 2011 дар ҳайати нерӯҳои посдори сулҳ дар Афғонистон (ISAF) кор мекард, рӯзи 11-уми феврал дар музофоти Зобули Афғонистон ба садама дучор шуд. Бар асари садама ҳамаи чор нафар аъзои ҳайати халабонон, хизматчиёни нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Вазорати мудофиаи ҶТ ба ҳалокат расидаанд. Гуфта мешавад, яке аз фавтидагон – сардори ҳайати халабонон писари муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-майори нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ Вячеслав Грудино мебошад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ дод, рӯзҳои наздик ҷасади афсарони фавтида ба Тоҷикистон оварда шуда, маросими видоъ бо аъзои ҳайати чархболи Ми-8 дар яке аз қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар пойтахт доир мегардад. Бино ба маълумоти ВАО-и Афғонистон, айни замон ҷасадҳои афсарон ба Қандаҳор оварда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ то ҳанӯз ному насаби ҳамаи фавтидагон бар асари ин садамаро ифшо накардааст.

Тибқи яке аз фарзияҳо, сабаби садама шояд обуҳавои номусоид бошад, зеро замони ба садама дучор гардидани чархбол дар музофоти Зобул тӯфони шадиде ҳукмфармо будааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.