Боиси хурсандист, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни вилояти Суғд ва вилояту кишварҳои Федератсияи Русия сол то сол тақвият меёбад.
Дар доираи онҳо бо ҷои кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии вилоят яке аз самтҳои асосии мақомоти дахлдор, аз ҷумла Раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мебошад.
Айни замон Раёсат бо чандин ширкатҳои кордиҳандаи Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ баста, дар асоси онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ фиристодани шаҳрвандони вилояти Суғдро бо воситаи субъектҳои хоҷагидор ба роҳ монда истодааст.
Чунончи, санаи 1 феврали соли равон 16 нафар муҳоҷирон ба шаҳри Кострома гусел карда шуданд, ки аз рӯи ихтисос ронанда, дӯзанда, сохтмончӣ мебошанд. Гусели муҳоҷирон аз ҷониби ҶДММ «Нақлиёт» амалӣ гардид.
Пеш аз гусел Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд З. Шарифова, Директори ҶДММ «Нақлиёт» М. Саидов ва сарвари ташкилоти ғайридавлатии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» А. Олимов бевосита бо муҳоҷирони меҳнатӣ сӯҳбат ороста, оид ба вазифаҳои Раёсат, ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирон, қоидаҳои будубош дар хориҷа ва роҳҳои ҳамкорӣ бо намояндагиҳои Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия маълумоти муфассал доданд.
Бояд гуфт, ки барои муҳоҷирони дар асоси шартнома фиристодашаванда як қатор имтиёзҳо муқаррар карда шудааст. Аз ҷумла, онҳо барои фаъолият иҷозати расмӣ гирифта, бо ҷои хоб, либоси корӣ, хӯроки гарм ва маоши хуб дар ҳаҷми ба ҳисоби миёна 20 ҳазор рубли русӣ таъмин карда мешаванд. Ҳуқуқҳои онҳо аз ҷониби кордиҳандагон ҳимоя карда мешавад. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.



