Комиссияи экологии парлумон сомонаи интернетӣ боз мекунад

Бо иштироки намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳаракатҳои экологӣ ва ВАО ҷаласаи навбатии комиссияи экологии палатаи поёнии парлумони кишвар баргузор шуд. Раиси комиссияи мазкур Рустам Латифов гуфт, ҳадаф аз таъсиси комиссия мусоидат ба танзими фаъолият дар бахши ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, таъмини амнияти экологӣ ва такмили қонунгузорӣ дар соҳаи экология аст. Дар робита ба […]


Бо иштироки намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳаракатҳои экологӣ ва ВАО ҷаласаи навбатии комиссияи экологии палатаи поёнии парлумони кишвар баргузор шуд.

Раиси комиссияи мазкур Рустам Латифов гуфт, ҳадаф аз таъсиси комиссия мусоидат ба танзими фаъолият дар бахши ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, таъмини амнияти экологӣ ва такмили қонунгузорӣ дар соҳаи экология аст.

Дар робита ба масъалаи истифодаи пурсамар ва оқилонаи захираҳои обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ номбурда таъкид кард, ки фаъолияти аксари иншооти гидроэнергетикии минтақа аз буҷети Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад ва инро мебояд ба инобат гирифт.

«Барои пешгирии паҳншавии овозаву фарзияҳои беасос дар минтақа, дар ноҳияҳои наздимарзӣ баргузор кардани мониторинги муштараки вазъи экологӣ зарур аст», – иброз дошт вай.

Раиси фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар парлумон Махфират Хидирова гуфт, комиссияи экологии парлумон дар шабаакаи Интернет сомонаи худро боз намуда, дар он маводи таҳлилӣ ва суханрониву андешаҳои олимону сиёсатмадорон дар бораи вазъи экологӣ дар минтақаро ҷой медиҳад.

«Ғайр аз ин, палатаи поёнии парлумон миёни ВАО барои маводи беҳтарин дар бораи масоили экологии ҷумҳуриву минтақа озмун эълон мекунад», – афзуд ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.