Конфронси байнулмилалӣ оид ба масоили исломӣ дар Душанбе

Медиа-гурӯҳи «Азия-Плюс», лоиҳаи IslamNews.tj ва Фонди ба номи Фридрих Эберт рӯзи 21-уми феврал дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Рушди ислом дар Осиёи Марказӣ: тамоилҳои нав, мушкилот ва роҳу воситаҳои ҳалли он» конфронси байнулмилалӣ доир менамояд. Баррасии нақши ислом дар ҷомеаи муосири тоҷик ва ояндаи кишвар, мусоидат ба таҳкими муколама миёни давлат ва дин аз ҷумлаи […]

ASIA-Plus


Медиа-гурӯҳи «Азия-Плюс», лоиҳаи IslamNews.tj ва Фонди ба номи Фридрих Эберт рӯзи 21-уми феврал дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Рушди ислом дар Осиёи Марказӣ: тамоилҳои нав, мушкилот ва роҳу воситаҳои ҳалли он» конфронси байнулмилалӣ доир менамояд.

Баррасии нақши ислом дар ҷомеаи муосири тоҷик ва ояндаи кишвар, мусоидат ба таҳкими муколама миёни давлат ва дин аз ҷумлаи ҳадафҳои конфронс аст.

Директори генералии «Азия-Плюс» Умед Бобохонов дар робита ба ин масъала гуфт, дар ҷараёни баҳсу мунозираи кушоду ошкоро ҷиҳати баҳодиҳӣ ба вазъи имрӯзаи дин ва тамоилҳои рушди ислом дар Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода шуда, мушкилоти мавҷуда дар ин соҳаи ҳаёти ҷомеа ва роҳу воситаҳои ҳалли он мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

«Воқеият ин аст, ки тайи солҳои ахир таъсири ислом дар ҷомеаи дар ҳоли афзоиш аст, – мегӯяд У.Бобохонов. – Ин хуб аст ё бад? Оё муборизаи мо бо он зарур аст ё онро ҳавасаманд созем? Фардо мо Тоҷикистонро чӣ гуна дидан мехоҳем ва нақши ислом дар он чӣ гуна хоҳад буд? Оё ба Тоҷикистон таҳкими нақши созмонҳои тундгарои исломӣ таҳдид мекунад ва чӣ гуна метавон ба он роҳ надод? Комилан возеҳ аст, ки дигар наметавон чунин вонамуд кард, ки ин масъалаву мушкилот мавҷуд нестанд. Ин масоилро мебояд кушоду ошкоро баррасӣ намуд ва маҳз бо ин мақсад мо баҳсу мунозираи ҷамъиятиро дар ин хусус роҳандозӣ карданием. «Азия-Плюс» ва лоиҳаи IslamNews.tj ба дастгирии ин ташаббус ҳам аз ҷониби сохтори давлатӣ ва ҳам созмонҳои динии Тоҷикистон умедвор аст».

Дар кори конфронс коршиносони ватаниву хориҷӣ, намояндагони Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ, ташкилотҳои динӣ, вакилони парлумон ва журналистон ширкат меварзанд. Намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ва сафоратхонаҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ба сифати меҳмонон ба конфронс даъват шудаанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова