Ҳиндустон ҳамкориҳои низомӣ бо Тоҷикистонро густариш доданист

Date:


ДуҲиндустон нияти таҳкими ҳамкориҳои низомӣ бо Тоҷикистонро дорад, – менависад нашрияи Zeenews.com бо истинод ба як манбаъ дар ҳукумати ин кишвар.

«Ҳиндустон бо Тоҷикистон дар барқарор намудани фурудгоҳи низомии Айнӣ, ки ба туфайли макони ҷойгиршавиаш дар наздикии Афғонистон мақоми стратегиро касб мекунад, ҳамкорӣ дорад», – гуфта мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки изҳороти Ню-Дели дар бораи таҷдиди фурудгоҳи Айнӣ як қисмате аз барномаи кӯмак ба Тоҷикистон буда, бо назардошти ҷойгиршавии иншоот дар минтақаи муҳими Осиёи Марказӣ, он нақши муҳим дорад.

Дар хабар гуфта мешавад, айни замон дар Вазорати мудофиаи Ҳиндустон масъалаи сохтмони бемористон (госпитал)-и низомӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки ба ин фурудгоҳ Русия, ки дар Қирғизистон пойгоҳи низомии ҳавоӣ дорад, низ ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Фурудгоҳи низомии «Айнӣ» дар 20 километрии ғарби шаҳри Душанбе воқеъ буда, бо мусоидати Ҳиндустон дар чаҳорчӯби созишнома мавриди таҷдид қарор гирифт.

Моҳи декабри соли гузашта дар як қатор ВАО оид ба дар ҳамкорӣ бо Русия фурудгоҳро аллакай истифода бурдани нерӯҳои низомии ҳавоии Ҳиндустон маълумотҳо интишор шуданд,вале Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ин маълумотро рад сохта, изҳор кард, ки бо Ҳиндустон оид ба истифодаи муштараки фурудгоҳ ҳеҷ асноде ба имзо нарасидааст. Бино ба маълумоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, мутахассисони ҳиндие, ки корҳои таҷдиди фурудгоҳро идома медиҳанд, «то анҷоми тамоми корҳо» дар Тоҷикистон боқӣ хоҳанд монд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...