Президент омодагӣ ба пешгирии оқибатҳои офатҳои табииро таъкид кард

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба корҳои созандагӣ, киштукори баҳорӣ ва омодагӣ ба Наврӯзи байналмилалӣ машварати корӣ анҷом дод. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, доир ба ин ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ нахуст ахбори масъулини Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони сохторҳои дигари дахлдор шунида шуд. Зикр гардид, ки […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба корҳои созандагӣ, киштукори баҳорӣ ва омодагӣ ба Наврӯзи байналмилалӣ машварати корӣ анҷом дод.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, доир ба ин ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ нахуст ахбори масъулини Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони сохторҳои дигари дахлдор шунида шуд.

Зикр гардид, ки имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, ғайр аз минтақаҳои кӯҳистон, бо истифода аз рӯзҳои мусоиди офтобӣ киштукори баҳории зироатҳо ва ниҳолшинонӣ вусъат ёфтааст.

 Дар робита ба омодагӣ ба Наврӯзи байналмилалӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки роҳбарон ва намояндагони воломақоми як қатор кишварҳои ҷашнгирандаи ин иди фархунда дар он иштирок хоҳанд дошт.

Эмомалӣ Раҳмон барои вусъати тоза бахшидан ба корҳои мавсимии кишоварзӣ, дастгирии деҳқонону боғпарварон, фаъолияти созандагию ободонӣ ва омодагии сазовор ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки пешгирӣ аз оқибатҳои офатҳои табиӣ, ба мисли фурӯд омадани ярчу тарма, обхезиҳои баъди обшавии захираи бешумори барфи имсола ва боридани боронҳои селу жола омодагии ҷиддиро талаб мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.