Ҳиндустон ҳамкориҳои низомӣ бо Тоҷикистонро густариш доданист

ДуҲиндустон нияти таҳкими ҳамкориҳои низомӣ бо Тоҷикистонро дорад, – менависад нашрияи Zeenews.com бо истинод ба як манбаъ дар ҳукумати ин кишвар. «Ҳиндустон бо Тоҷикистон дар барқарор намудани фурудгоҳи низомии Айнӣ, ки ба туфайли макони ҷойгиршавиаш дар наздикии Афғонистон мақоми стратегиро касб мекунад, ҳамкорӣ дорад», – гуфта мешавад дар хабар. Зикр мегардад, ки изҳороти Ню-Дели дар […]

ASIA-Plus


ДуҲиндустон нияти таҳкими ҳамкориҳои низомӣ бо Тоҷикистонро дорад, – менависад нашрияи Zeenews.com бо истинод ба як манбаъ дар ҳукумати ин кишвар.

«Ҳиндустон бо Тоҷикистон дар барқарор намудани фурудгоҳи низомии Айнӣ, ки ба туфайли макони ҷойгиршавиаш дар наздикии Афғонистон мақоми стратегиро касб мекунад, ҳамкорӣ дорад», – гуфта мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки изҳороти Ню-Дели дар бораи таҷдиди фурудгоҳи Айнӣ як қисмате аз барномаи кӯмак ба Тоҷикистон буда, бо назардошти ҷойгиршавии иншоот дар минтақаи муҳими Осиёи Марказӣ, он нақши муҳим дорад.

Дар хабар гуфта мешавад, айни замон дар Вазорати мудофиаи Ҳиндустон масъалаи сохтмони бемористон (госпитал)-и низомӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки ба ин фурудгоҳ Русия, ки дар Қирғизистон пойгоҳи низомии ҳавоӣ дорад, низ ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Фурудгоҳи низомии «Айнӣ» дар 20 километрии ғарби шаҳри Душанбе воқеъ буда, бо мусоидати Ҳиндустон дар чаҳорчӯби созишнома мавриди таҷдид қарор гирифт.

Моҳи декабри соли гузашта дар як қатор ВАО оид ба дар ҳамкорӣ бо Русия фурудгоҳро аллакай истифода бурдани нерӯҳои низомии ҳавоии Ҳиндустон маълумотҳо интишор шуданд,вале Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ин маълумотро рад сохта, изҳор кард, ки бо Ҳиндустон оид ба истифодаи муштараки фурудгоҳ ҳеҷ асноде ба имзо нарасидааст. Бино ба маълумоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, мутахассисони ҳиндие, ки корҳои таҷдиди фурудгоҳро идома медиҳанд, «то анҷоми тамоми корҳо» дар Тоҷикистон боқӣ хоҳанд монд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.