АНМН аз якчанд кӯшишоти қочоқи нашъа ҷилавгирӣ кард

Ахири моҳи феврали соли равон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон аз якчанд кӯшишоти амали даст задан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии мазкур хабар доданд, зимни баргузории амалиётҳои муваффақона аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 4 кило маводи нашъаовар, аз ҷумла 3 кило ҳашиш ва 1 […]

Наргис Ҳамробоева


Ахири моҳи феврали соли равон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон аз якчанд кӯшишоти амали даст задан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии мазкур хабар доданд, зимни баргузории амалиётҳои муваффақона аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 4 кило маводи нашъаовар, аз ҷумла 3 кило ҳашиш ва 1 кило героин мусодира шудааст.

«Ҳамин тариқ, дар ҷараёни баргузор намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар пойтахти кишвар ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 25-сола ноҳияи Ҳамадонӣ боздошт шуда, зимни кофтукови шахсии ӯ ҳудуди 3 кило маводи нашъаовари навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфтанд дар агентӣ.

Амалиёти навбатиро кормандони шӯъбаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар ноҳияи Мурғоб доир намуданд. Ин раёсат аз моҳи октябри соли 2011 ба фаъолият шурӯъ кард.

Дар ин ҷо ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир кормандони раёсати агентӣ дар роҳи мошингарди Мурғоб-Хоруғ сокини 32-солаи маҳаллиро боздошт намуда, ҳангоми кофтукови шахсии ӯ як бастаи дорои 1 кило героинро дарёфт ва мусодира намуданд.

Зикр гардид, ки аз рӯйи далелҳои ошкоршуда парвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд. Айни замон ҷиҳати муайян кардани дигар афроди дар ин ҷингоятҳо дастдошта тадбирҳо андешида мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.