Имзои Ёддошти ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои мудофиаи Тоҷикистону Британияи Кабир

Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушуниди вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев бо вазири давлатӣ оид ба масоили Қувваҳои Мусаллаҳ, узви парлумони Британияи Кабир Ник Харвей Ёддошти ҳамкорӣ дар бораи рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи ин ниҳодҳо ба имзо расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои низомӣ, […]

Аваз Юлдошев


Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушуниди вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев бо вазири давлатӣ оид ба масоили Қувваҳои Мусаллаҳ, узви парлумони Британияи Кабир Ник Харвей Ёддошти ҳамкорӣ дар бораи рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи ин ниҳодҳо ба имзо расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои низомӣ, омодасозии кадрҳо барои артиши Тоҷикистон дар макотиби олии низомии Британияи Кабирро баррасӣ карданд.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масоили таъмини амнияти минтақавӣ ва ноил гардидан ба сулҳу субот дар Афғонистон табодули афкор сурат гирифт.

Имрӯз вазири давлатӣ оид ба масоили Қувваҳои Мусаллаҳ, узви парлумони Британияи Кабир Ник Харвейро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.