Нозирон аз Тоҷикистон дар интихоботи президенти Русия

Вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов ҷиҳати ширкат дар ҳайати нозирон аз ИДМ дар маъракаи интихоботи президенти Русия, ки рӯзи 4-уми март баргузор мешаванд, ба шаҳри Маскав сафар кард. Ғайр аз ин, нозирони Тоҷикистонро дар маъракаи интихоботи президенти Русия раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ Шермуҳаммади Шоҳиён ва сармутахассиси КМИР Ёқубҷон Мадумаров намояндагӣ […]

Аваз Юлдошев


Вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов ҷиҳати ширкат дар ҳайати нозирон аз ИДМ дар маъракаи интихоботи президенти Русия, ки рӯзи 4-уми март баргузор мешаванд, ба шаҳри Маскав сафар кард.

Ғайр аз ин, нозирони Тоҷикистонро дар маъракаи интихоботи президенти Русия раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ Шермуҳаммади Шоҳиён ва сармутахассиси КМИР Ёқубҷон Мадумаров намояндагӣ хоҳанд кард.

Гурӯҳи нозирон аз ИДМ дар маъракаи интихоботи президенти Русияро намояндаи ваколатдори Қазоқистон дар комиссия оид ба масоили иқтисодӣ дар назди Шӯрои иқтисодии иттиҳод Наврӯз Айдаров роҳбарӣ хоҳад кард. Номзадии ӯро ба ин мақом рӯзи 31-уми январ дар шаҳри Минск аъзои Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои узви ИДМ баррасӣ ва маъқул шумориданд.

Ёдрас мекунем, ки дар маъракаи интихобот ба мақоми олии давлати Русия чор номзади ҳизбӣ – пешвои ҳизби «Единая Россия» (Русияи воҳид) ва нахуствазири Русия Владимир Путин, раиси Ҳизби коммунисти Русия Геннадий Зюганов, раиси Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский, раиси Ҳизби «Справедливая Россия» (Русияи боадолат) Сергей Миронов ва ҳамчунин тоҷир Михаил Прохоров, ки мустақилона номзадии худро пешниҳод кард, довталабӣ мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.