Маблағгузории як созмони хайрияи АМА ба сохтмони нерӯгоҳ дар Помир

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб Раҳимҷон Носиров бо Раиси Муассисаи хайриявӣ ва башардӯстонаи “Зайд ибни Султон Оли Наҳаён” Солим Убайд Ал Зоҳирӣ вохӯрӣ кард. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот масъалаи сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии хурди “Ванҷ” бо иқтидори 800 кВт/с, ки дар ноҳияи Ванҷи […]

ASIA-Plus


Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб Раҳимҷон Носиров бо Раиси Муассисаи хайриявӣ ва башардӯстонаи “Зайд ибни Султон Оли Наҳаён” Солим Убайд Ал Зоҳирӣ вохӯрӣ кард.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот масъалаи сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии хурди “Ванҷ” бо иқтидори 800 кВт/с, ки дар ноҳияи Ванҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад, баррасӣ гардид.

Бо дастгирии Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай Муассисаи хайриявӣ ва башардӯстонаи “Зайд ибни Султон Оли Наҳаён” амалисозии лоиҳаи бунёди НОБ-и хурди “Ванҷ”-ро ба ӯҳда гирифт.

Дар фарҷоми гуфтушунид Солим Убайд Ал Зоҳирӣ изҳори боварӣ кард, ки чунин ҳамкориҳо ба таҳкиму густариши муносиботи дӯстонаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб саҳм мегузоранд.

Ҳамчунин, вохӯрии Консули генералӣ Р. Носиров бо Мудири кулли Палатаи савдои аморати Дубай Ҳамад Буамим баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот оид ба мавзӯъҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба, сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузург ва инкишофи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва аморати Дубай табодули афкор карда шуд.

Ҳамзамон, Консул Р. Носиров ба ҳамсӯҳбати худ дар бораи барномаву рӯзномаи Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) маълумот дода, намояндагони ширкатҳои бузурги тиҷоратии аморати Дубайро барои иштирок дар ин чорабинии байналмилалӣ даъват намуд.

Ба ғайр аз ин, дар Дубай мулоқоти Консули генералӣ Раҳимҷон Носиров бо Мудири намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб дар Дубай Абдураҳмон Аҳмад Ал Шамлон барпо шуд.

Зимни сӯҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи миёни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

 Гузашта аз ин, Р. Носиров ҳамсӯҳбати худро бо рӯзномаву барномаи Конфронси RECCA-V, ки 26-27 марти соли 2012 дар ш. Душанбе барпо мегардад, ошно сохта, таъкид намуд, ки он барои барқарорсозии иҷтимоӣ-иқтисодии Афғонистон аҳамияти хос дорад. Ӯ тазаккур дод, ки иштироки ҳайати Амороти Муттаҳидаи Араб дар ин ҳамоиши бузурги байналмилалӣ ба самаранокии кори он мусоидат хоҳад намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.