Вохӯрии президент бо вазири давлатӣ оид ба масоили Қувваҳои Мусаллаҳи Британия

Вазири давлатӣ оид ба масоили Қувваҳои Мусаллаҳ, узви парлумони Британияи Кабир Ник Харвей бо сафари якрӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад. Пагоҳ дар нимаи аввали рӯз ӯро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷараёни вохӯрӣ баррасии масоили вазъи кунунии муносибатҳо бо шумули таъсири […]

Аваз Юлдошев


Вазири давлатӣ оид ба масоили Қувваҳои Мусаллаҳ, узви парлумони Британияи Кабир Ник Харвей бо сафари якрӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Пагоҳ дар нимаи аввали рӯз ӯро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷараёни вохӯрӣ баррасии масоили вазъи кунунии муносибатҳо бо шумули таъсири он ба вазъ дар минтақа ва дурнамои руши муносибатҳои низомӣ ва низомӣ-техникӣ миёни кишварҳо дар назар аст.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва амнияти минтақавӣ табодули афкор хоҳанд кард. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...