Ҷасади Бахтиёр Расуловро ба ватан меоранд

Ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Бахтиёр Расулов, ки 3 моҳ қабл дар наздикии шаҳри Санкт-Петербург кушта шуда буд, баҳри ба хок супурдан ба ватан фиристода мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз хешовандони марҳум хабар дод, ӯ дар шаҳри Санкт-Петербург қарор дошта, мунтазам бо намояндагони масъули тафтишот дар тамос аст, вале алҳол маълум нест, ки ҷинояткорон ёфт […]

ASIA-Plus


Ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Бахтиёр Расулов, ки 3 моҳ қабл дар наздикии шаҳри Санкт-Петербург кушта шуда буд, баҳри ба хок супурдан ба ватан фиристода мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз хешовандони марҳум хабар дод, ӯ дар шаҳри Санкт-Петербург қарор дошта, мунтазам бо намояндагони масъули тафтишот дар тамос аст, вале алҳол маълум нест, ки ҷинояткорон ёфт шуда бошанд ё на.

«Вохӯрии навбатӣ бо муфаттиш рӯзи ҷумъа баргузор мешавад ва мо умедворем, ки ягон маълумоте ба даст меорем. Ба ҳар ҳол, ба мо иҷозати ба ватан фиристодани боқимондаҳои ҷасадро ваъда доданд. Муддати 3,5 моҳ, ки ташхисҳои гуногун баргузор шуднд, мо ҷасадро гирифта натавонистем. Хешовандон дар Тоҷикистон аз чунин вазъ ба танг омадаанд», – гуфт вай.

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки бо намояндаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Санкт-Петербург Бахтиёр Исмонов низ дар робитаи доимӣ мебошад. «Намояндаи хадамот низ ҷараёни тафтишоти парвандаи қатли Расуловро пайгирӣ намуда, рӯзи 2-юми март дар вохӯрӣ иштирок мекунад», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки дар таърихи 16-уми ноябри соли гузашта дар ноҳияи Гатчинаи вилояти Ленинград шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон Бахтиёр Расуловро, ки ба мусофиркашонӣ машғул буд, ваҳшиёна ва бераҳмона ба қатл расониданд.

Ҷасади сухтаи ӯ дар ҷангалзор дар дохили автомашинааш дарёфт гардид. Мақомоти тафтишот сабаби ин кушторро ба ҷанҷол ва нофаҳмии маъмулӣ нисбат медиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...