Бег Зуҳуров: Дастрас набудани баъзе сомонаҳо сабаби техникӣ дорад

Роҳбари Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров дастрас набудани баъзе сомонаҳоро ба сабабҳои техникӣ маънидод кард. Ӯ дақиқан нагуфт, ки алоқачиён маҳз ба кадом сабабҳои техникӣ дучор шуданд, вале итминон дод, ки ояндаи наздик ин мушкилот ҳал хоҳад шуд. Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи шанбе як қатор интернет-провайдерон дастрасӣ ба қатор сомонаҳо, аз ҷумла […]

Пайрав Чоршанбиев


Роҳбари Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров дастрас набудани баъзе сомонаҳоро ба сабабҳои техникӣ маънидод кард.

Ӯ дақиқан нагуфт, ки алоқачиён маҳз ба кадом сабабҳои техникӣ дучор шуданд, вале итминон дод, ки ояндаи наздик ин мушкилот ҳал хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи шанбе як қатор интернет-провайдерон дастрасӣ ба қатор сомонаҳо, аз ҷумла шабакаи маъруфи иҷтимоии «Facebook»ро қатъ сохтанд. Субҳи имрӯз бошад, тамоми интернет-провайдерон дастрасӣ ба сомонаҳои Facebook.com, Zvezda.ru, Tjknews.com ва – Maxala.org.-ро қатъ намуданд.

Як манбаъ аз як ширкат ба ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки чанде аз интернет-провайдерон ё мактуб гирифтанд ва ё шифоҳӣ аз ҷониби Хадамоти алоқа огоҳӣ гирифтаанд, ки «бинобар сабаби зарурати пайдошуда», дастрасӣ ба як қатор сомонаҳоро қатъ намоянд.

Роҳбари Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон маълумот дар бораи бо огоҳи хаттӣ ё шифоҳии идораи ӯ баста шудани баъзе сомонаҳоро қотеъона рад месозад.

То имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаҳои «Фергана.ру» ва «Сентразия.ру» низ қатъ шуда буд.

Айни замон беш аз 130 провайдерон иҷозатномаҳои Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ дар бораи пешниҳоди хизматгузории Интернетро соҳиб шудаанд,вале каме бештар аз даҳтои онҳо дар бозор фаъоланд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.